ИНТИХОБОТ – ИФОДАГАРИ СОҲИБИХТИЁРИИ ХАЛҚ
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи таъмини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” аз 4-уми декабри соли 2024, таҳти № 882 2–юми марти соли равон маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ баргузор мегардад.
Мусаллам аст, ки интихобот шакли олии ифодаи соҳибихтиёрии халқ маҳсуб ёфта, падидаи муҳими давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, ки дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгиранд, бо қарори комиссияи ҳавзавии интихоботӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ тадбирҳои судманд андешида шудаанд.
Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти комиссияи ҳавзавии интихоботи якмандатии “Ӯрунхӯҷаев” №15 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Муассисаи давлатии Қасри “Арбоб” ҷойгир аст, омадем.
Тибқи иттилои раиси комиссияи ҳавзаи интихоботӣ Рауф Муллобоев аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзавии интихоботи якмандатии “Ӯрунхӯҷаев” №15 таъсис дода шуда, ҳамагӣ 78 участкаҳои интихоботӣ аз он 47 - то дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 31 - то дар шаҳри Бӯстон ташкил шудааст. Шумораи умумии интихобкунандагон 135 424 нафар буда, аз он 111 824 нафарашон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Дар рӯзи интихобот 2 665 нафар ҷавонони хушиқболи ноҳияи Аллома Бобоҷон Ғафуров бори аввал овоз медиҳанд.
Комиссияи ҳавзавии интихоботи якмандатии “Ӯрунхӯҷаев” №15 бо 9 аъзо таъсис ёфта, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро ба роҳ мондааст.
Барои аъзоёни комиссияи ҳавзавии интихоботии “Ӯрунхӯҷаев” №15, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ҳуҷраҳои кории аъзоёни гурӯҳ ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода ва гӯшаи махсуси иттилоотии ҳавзаи интихоботӣ ташкил гардидааст.
Зикр бояд намуд, ки тибқи қарори комиссияи ҳавзавӣ ҳамаи аъзоён ба участкаҳои интихоботӣ мувофиқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста шуда, баҳри омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот назорат мебаранд. Аз тарафи онҳо тартиби ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, ҳолати гигиенӣ санҷида шуда, ба ҳуҷҷатнигории аъзоёни участкаҳои интихоботӣ ёрии методӣ низ расонида мешавад.
Имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бомаром идома доранд. Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ омодагии хуб дошта, бо тамоми лавозимоти зарурӣ, дастурамал ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъмин гардидаанд. Дар ҳамаи ҷойҳои овоздиҳӣ, кӯчаю хиёбонҳо шиору овезаҳои тарғиботӣ насб гардидаанд. Дар участкаҳои овоздиҳӣ ҳуҷраҳо барои овоздиҳӣ, ҳуҷраи овоздиҳӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуҷраи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ, ҷойи нишасти мушоҳидони миллӣ ва байналмилал, ҷойи котибот мувофиқи талабот ташкил карда шудаанд.
Комиссияи ҳавзавии интихоботи якмандатии “Ӯрунхӯҷаев” №15 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 номзад: як нафар аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 1 нафар аз Ҳизби Аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафарро тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифтааст. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ барои гузаронидани вохӯрии номзадҳо шароити мусоид фароҳам буда, вохӯриҳо ба сатҳи баланд гузашта истодаанд.
Аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод гардидани номзадҳо низ гувоҳи озодии сиёсӣ дар мамлакат буда, барои ҳар шаҳрванд имконият фароҳам меорад, ки номзади дилхоҳи хешро интихоб намояд.
Боварӣ дорем, ки рӯзи интихобот - маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба тарзи демократӣ, озоду шаффоф ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунадагон мегузарад. Мардуми кишвар ба хотири рушду фардои дурахшони мамлакат бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ширкат меварзанд.
Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,
“Парвозгоҳи бузургон”





Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини Истиқлолияти давлатӣ, сипари боэътимоди кишвар, обрӯву нуфузи давлат, ҳимоятгари зиндагии осоиштаи мардум ва амнияту суботи ҷомеа ба шумор меравад. Артиш дар тамоми таърихи инсоният барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот, амнияту бехатарии давлату шаҳравандон неруи боэътимод буда, имрӯз низ ин нақши худро гум накардааст. Давлатҳои бузурги Ҳахоманишиён, Сосониён, Сомониён, Ғуриён ва ғайра маҳз бо артиши бузург, бонизому обутобёфта пояи давлатдории худро мустаҳкам карда, дар таърихи халқи тоҷик мақоми хоса доранд. Қувваю пойдории давлатҳо дар замони муосир, новобаста аз мавқеи геополитикӣ, ҳудуд, сохтори идоракунӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии худ маҳз аз артиш вобастагии калон дорад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Дар бораи таҷлили 36-солагии баровардани собиқ Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон», ки бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, посдории хотираи шаҳидон, ҳамчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ба тасвиб расонида шуда буд, чорабиниҳои ҷамъбастии мулоқоту вохӯриҳо бо собиқадорони ҷанги Афғонистон ташкилу баргузор карда шуд.

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар мулоқот муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони ҷамоатҳо иштирок намуданд. Баъди баррасии амалигардонии нақшаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Каримӣ Ҳ.Ҳ. оид ба паҳлуҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуда, оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо дастуру тавсияҳои судманд баён намуд.




