МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ҶАЛАСА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

   

    Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид, ки дар он вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар самти мубориза бо коррупсия мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Ҷаласаро прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Сафаралӣ Самизода ифтитоҳ намуда, диққати ҳозиринро ба масъалаҳои муҳими рӯзнома ҷалб кард.

     Меҳвари асосии ҳамоишро баррасии вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ташкил дод. Таҳлилҳо фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳои давлатию ғайридавлатиро дар давоми солҳои 2024-2025 фаро гирифтанд. Дар ҷараёни ҷаласа ахбороти муфассал оид ба рафти амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” шунида шуд. Аъзои Шуро фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ ва камбудиҳои ҷойдошта дар ин самтро мавриди таҳлил қарор доданд. Махсусан, зимни пурсиш аз роҳбарони муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва раисони ҷамоатҳо таъкид гардид, ки пешгирии омилҳои коррупсионӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як масъул ба шумор меравад.

     Раиси Шуро Сафаралӣ Самизода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки барои решакан кардани ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазифаҳои минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ барои таъмини волоияти қонун ва муборизаи беамон бо коррупсия муайян карда шуданд.

“Парвозгоҳи бузургон”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.