СУРЪАТИ АФЗОИШ НАТИҶАИ ТАЛОШҲОИ МУТТАСИЛ
Нишасти матбуотӣ
- Дар давоми шаш моҳи соли 2025 қисми даромади буҷети давлатӣ 106,4 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 225780,0 ҳазор сомонӣ, воридот 368446,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 22191,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба ҳолати 1 июли соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1729,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,3 фоиз мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуаҳад Ҳакимзода.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1771,0 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд ва суръати афзоиш 91,9 фоизро ташкил дод. Дар лавраи ҳисоботӣ аз 210 корхонаи истеҳсолӣ 187 корхона фаъолият намуда, 137 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд намуда, 50 корхона суръати афзоишро коҳиш доданд. Инчунин 23 корхона аз сабаби набудани фармоишгар, набудани маблағи гардиш, дигар кардани самти фаъолият ва ба фурӯш нарафтани маҳсулот, фаъолият накарданд. Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ноҳия 16 корхонаҳои саноатии нав ва хатҳои иловагӣ аз тарафи соҳибкорон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 150 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли равон, тибқи дурнамо, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ гузаронидани кишти зироатҳо дар майдони 24371гектар, ки аз он 20239 гектар дар заминҳои обӣ мебошад, пешбинӣ шудааст.
Дар идома оид ба вазъи саноат ва энергетика, соҳаи сохтмон ва меъморӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, илму маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, меҳнат, шуғл ва муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбута фишурдаи маълумот тариқи варақаи иттилоотӣ ба кормандони воситаҳои ахбори омма пешниҳод гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои фаъолияти бозорҳои назди марзӣ, ҳалли муроҷиати шаҳрвандон, аз фаъолият бозмондани бархе аз корхонаҳои саноатӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди меваҷот, мумфаршкунии роҳ, фаъолияти радиои “Замон”, гармшавии ҳаво ва таъсири ба соҳаи кишоварзӣ, бекоршавии қарор, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи “Наврӯз”-и ҷамоати деҳоти Ёва, истиқомати ҷӯгиҳо дар ҳудуди ноҳия, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо ва дигар масоили умда, суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар нишасти матбуотӣ баробари намояндагони сохторҳои мухталифи ноҳия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов низ иштирок намуд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”






Дар идомаи силсилаи мулоқотҳои тарғиботӣ таҳти усули "Маҳалла ба маҳалла", дирӯз аъзоёни гурӯҳи корӣ бо сокинони кӯчаи ба номи Файзиев дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров вохӯрданд. Ин мулоқот, ки ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор шуд, масъалаҳои муҳими иҷтимоиро дар бар гирифт. Дар рафти суханрониҳо, аъзоёни гурӯҳи корӣ ба чанд нуқтаи калидӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки ҳар яке дорои аҳамияти хос барои ҷомеа мебошад: роҷеъ ба масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ огоҳ бошад ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми фаъолона гузорад. Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"низ аз масоили меҳварӣ маҳсуб ёфта, аъзоён аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ба муқаррароти ин қонун риоя кунанд. Мақсад аз ин тавсия пешгирии исрофкорӣ ва нигоҳ доштани суннатҳои неки миллӣ дар чаҳорчӯби қонун мебошад. Инчунин масъалаи шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва пешгирӣ аз ин нерӯи хатарзо баррасӣ гардиданд. Масъулин хатари гурӯҳҳои ифротгароро тавзеҳ дода, аҳолиро ҳушдор доданд, ки аз таъсири онҳо эмин бошанд. Ин масъала яке аз мубрамтарин мавзуъҳои имрӯза буда, ба амнияти миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа дахл дорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низ ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ маънидод шуда, муҳимияти он барои ҳифзи амнияти кишвар таъкид гардид. Истифодаи босамари неруи барқ ва замин аз масъалаи муҳими саривақтӣ буданд, ки дар мулоқот имрӯза баррасӣ шуданд. Барои сарфакорӣ дар истифодаи захираҳо, бахусус неруи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тавсияҳо дода шуд.
Дирӯз дар доираи ташаббуси "Деҳа ба деҳа" як қатор масъулини ноҳия бо сокинони маҳаллаи "Тоҷикистон-2"-и ҷамоати деҳоти Хистеварз мулоқот намуданд. Ҳадаф аз ин мулоқот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ буд.





