ҲИЗБИ САДОҚАТ ВА ВАТАНДОРӢ
Санаи 10 – уми декабри соли 1994 дар марҳилаи басо ҳассоси таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби нави сиёсие ташкил шуд ва тавонист, ки дар давоми фаъолияти худ ба бонуфузтарин, нерӯмандтарин ва сераъзотарин ҳизби сиёсии мамлакат табдил ёбад. Ин нерӯи бузургу тавоно ва созанда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки соли равон 30- сола мешавад.