Зафарбек Давлатзода

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Зафарбек Давлатзода 23.05.1975 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм намудааст. Соли 2014 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм кардааст.

Мавсуф солҳои 1996-1998 дар вазифаҳои мутахассиси пешбари колхози «Баҳористон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1998-2007 раиси хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2007-2013 дар вазифаи сардори корхонаи воҳиди давлатии канали «Хоҷабоқирғон», солҳои 2013-2014 сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 2014-2016 сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2016 то моҳи декабри соли 2018 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд буд.

Аз моҳи декабри соли 2018 раиси шаҳри Конибодом буда, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11 ноябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.