Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ба муносибати Иди Наврӯз-2021
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо дар саросари кишвари мо бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик - Наврӯзи Аҷам таҷлил мегардад.
Кулли сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тамоми ҳамдиёрони азизамонро бо фарорасии иди бостонии Наврӯз, ки воқеан соли нави мардуми мо мебошад, самимона табрик гуфта, хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям.





Бо мақсади шиносоии наздик аз вазъи зисту зиндагонии сокинони деҳоти дурдаст Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ба деҳаи Заркони деҳоти Исмоил ташриф оварда, дар чорабиниҳои наврӯзии мардуми деҳа иштирок намуд. Дар ин рӯз мактаби деҳа, ки солҳои тӯлони ба таъмир ниёз дошт, баъди таъмири хушсифат азнав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси ноҳия мардуми ҷамъомадро ба муносибати Иди байнаалмилалии Наврӯз шодбош гуфта, корҳои аёдатии пирони рӯзгордидаро баргузор намуд.
Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура дар маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳия доир гардид. Дар кори ҷаласа Раиси ноҳия Давлатзода Зафарбек, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон иштирок намуданд. Инчунин дар маҷлиси ҷамъбастӣ раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон, аъзоёни Шӯрои собиқадорон, аъзои Шӯрои занон ва ҷавонон, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб низ ширкат варзиданд.



