Ба шарофати эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо ба оламиён хамчун миллати куханбунёд муаррифӣ шуда истодааст.
Дар доираи татбиқи амалии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар заминаи ташаббусҳову супоришоти Раиси вилояти Суғд дар ин самт, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ санаи 19 феврали соли 2021 ба 22 нафар ҳунармандони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.
Муфассал...