МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!
Мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Заминаи таърихии ин ид иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 16-уми ноябри соли 1994 баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шуруъ намуданд.
Иҷлосияи мазкур дар таърихи навтарини Тоҷикиситон ҳамчун рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлат боқӣ мондааст. Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент аз соли 1994 дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нав оғоз ёфт ва барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагонӣ ва беҳтар шудани дараҷаи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, давом додани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи давлатдории навини тоҷикон, таҳкими соҳибистиқлолӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, рушди илму маориф ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бақодории миллат саҳми бзург доранд.
Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳар яки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу кишвар – таъмини сулҳу субот, муттаҳидии мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд. Дастовардҳои Президенти Тоҷикистон аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид. Тоҷикистон ба узвияти беш аз 80 созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад; ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбудии вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳоро иҷро менамояд. Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфт, ки мақсади асосии он сулҳу субот, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ мебошад.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, эътироф карда мешаванд ва бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.
Ин санаи таърихии фархундаро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ самимона шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки бигузор ба бахти мо сулҳи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ дар зери сояи сиёсати Президенти маҳбуби кишварамон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо пойдор бошад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!






