Таҷлил
- Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон мебошад. Конститутсия барҳақ боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Аз ин рӯ, кулли мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати 31-солагии рӯзи қабули Қонуни асосӣ ҳамчун заминаи пойдори тамоми қонунгузории давлат самимона табрик ва таҳният мегӯям, - гуфт, Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳия бо доираи васеи фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун дар рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлилу баргузор гардид.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ин санади муқаддас, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрванд аз амалишавии Конститутсия шаҳодат медиҳад.
Тавассути эҳтироми воло ва риояи Конститутсия имкон фароҳам омад, ки обрӯю эътибори байналхалқии Тоҷикистон боло рафта, дар ҳамкориҳои пурсамар, иқтисодиёти кишвар рушд ва риштаҳои дӯстию рафоқат густариш ёбад. Мардуми соҳибзафари мо иқболи баланди хешро дар он мебинанд, ки дар ҷомеаи боадолат умр ба сар мебаранд ва давлату Ҳукумат бо роҳбарии Асосгугузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон икдомҳои некро барои таъмини сулҳу озодии шаҳрвандон бо татбиқу фарогирии Конститутсия амалӣ мекунанд.
Мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чун анъана ҷашни солгарди Конститутсияи Тоҷикистонро бо рӯҳбаландии калон, тӯҳфаҳои арзанда истиқбол мегиранд. Бахубӣ эҳсос менамоянд, ки ҳар як нишондиҳандаи меҳнатӣ дар таҳкими низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии беандоза дорад.
Конститутсияи кишвари мо мисли чароғи роҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун сохта, меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар руҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд.
Дар идома Ҷамшед Ҷӯразода, муовини раиси вилояти Суғд номаи табрикотии раиси вилоятро ба муносибати ин санаи таърихӣ ба самъи ҳозирин расонида иброз дошт, ки бо назардошти рушду тараққиёти ҷомеа ва зарурати такмил додани меъёрҳои Конститутсия солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба онститутсия тағйиру иловаҳои муҳимму зарурӣ ворид карда шуданд. Ин амал ба густариши минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеаи кишвари азизамон ва кафолати риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаи ҳуқуқиро бештар таҳким бахшид.
Имрӯз дар асоси риоя ва иҷрои бечунучарои меъёрҳои Конститутсия дар Тоҷикистон сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва пешрафту тараққиёт таъмин гардида, мардуми саодатманди кишвар таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ устуворона пеш мераванд.
Қисми фарҳангии чорабинӣ бо баровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз толори баргузорӣ идома ёфта, ҳофизони номии диёр бо сурудҳои тараннумгари ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат, дӯстиву рафоқат, ваҳдати саросарӣ ва азму суботкорӣ ҷашнро пуршукуҳ ва хотирмон гардониданд.
Ҳозирин бо хушнудӣ ва шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, волоияти қонун, рушду тараққиёти Ватани маҳбуб ин санаи таърихиро бо фараҳмандиву ифтихори давлатдорӣ хушу хотирмон истиқбол гирифтанд.






Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”