РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР ФАЗОИ ШОДМОНӢ
Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар маҷмааи варзишии ҷамоати деҳоти Исфисор бо доираи васеи варзишгарон чорабинии бушукуҳ баргузор гардид.
Ҳамаи иштирокчиёни ин ҳамоишро Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо Рӯзи варзишгарон муборакбод намуда, афзуд, ки тарбияи инсони солим аз қадимулайём байни нигони мо вазифаи аввалин ҳисобида мешуд. Таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ҳамчун омили ташаккули инсони баркамол дар ҳаёти ҷамъиятӣ, мақоми хоса пайдо намуда, бозиҳои миллӣ аз нав эҳё мегарданд. Дар ин раванд дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иқдоми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода, ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид солимиву бардамии инсон таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Имрӯз варзиш ҳамчун як рукни миллӣ ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангии мо ворид гардида, бешубҳа дар радифи дастовардҳои истиқлолияти ватани азизамон мақоми хоса касб кардааст. Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ тавассути маблағгузориҳои буҷети давлатӣ ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бунёди марказҳои варзишиву маданӣ ҳамасола зиёд гардида истодааст.
Дар ноҳия 2 мактаби варзишӣ, 5 варзишгоҳҳо, зиёда аз 160 майдончаҳои варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ фаъолият дорад. Дар мактабҳои варзишии ноҳия зиёда аз ҳазор нафар ҷавонону наврасон ҳамарӯза ба машқу тамрин ва варзиши касбӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ, мураббиёну собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони наврасу ҷавон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ шуданд.
Чорбинӣ бо барномаи фарҳангӣ хубу хотирмон анҷом пазируфт.



“Парвозгоҳи бузургон”





Боздиди корӣ аз мактабҳои вилояти Суғд ва омодагии онҳо ба соли нави таҳсил дар мадди назари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ қарор гирифт. Ӯ дар доираи ин сафари корӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд. Мақсад аз ин сафар шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис, омодагии синфхонаҳо ва биноҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2025-2026 буд. Дар ин боздид муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва дигар шахсони масъул муовини сарвазирро ҳамроҳӣ намуданд. Ҳайати меҳмонон аз фаъолияти мактаб, вазъи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, шароити таълиму тарбия, ҷобаҷогузории омӯзгорон ва ҷойи нишасти хонандагон шинос шуданд. Маълум гардид, ки ин муассисаи таълимӣ таъмири ҷорӣ шуда, ба соли таҳсили нав пурра омода аст. Дар ҷараёни ин боздид Дилрабо Мансурӣ ба масъулони соҳа дастурҳое дод, ки ба беҳтар намудани шароити таълим, рушди фанҳои дақиқ, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва тақвияти заминаи моддию техникӣ равона шудаанд. Ӯ ҳамчунин ба фароҳам овардани муҳити солим барои хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - яке аз минтақаҳои пешсаф дар парвариш ва истеҳсоли сабзавоти хушсифат ба шумор меравад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Қалъача”, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият мебарад, аз наздик шинос гардид.









