ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА - ТАЪМИНГАРИ БЕХАТАРИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ
Мутобиқ ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 23.12.2021с., №1819) имсол бори нахустин санаи 24 октябр Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда мешавад.
Мутобиқ ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 23.12.2021с., №1819) имсол бори нахустин санаи 24 октябр Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда мешавад.
“Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Тибқи нақша чорабини тасдиқ намудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, баҳри коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар ноҳия, дар назди бинои Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар маҷлисгоҳи Гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари дастурдиҳӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон ва пешгирии зӯроварӣ дар ҷомеа миёни роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муовинони директор оид ба таълим баргузор гардид.
Дар он Сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷаҳонгир, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Сафарзода, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Ҷамшед Ҳайдаров, сармутахассиси Раёсати маркази таълимию методии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд Илҳом Саидаҳмедов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаёр, мудири шуъбаи маориф Махсуда Абдуллозода иштирок ва баромад намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф, сатҳи огоҳии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин семинар омӯзиши директори муассиса ва муовини директор оид ба таълим иштирок доштанд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |