ОИЛА-МАКОНИ МУҲАББАТ

    

       Ҳамасола 15 - уми май Рӯзи байналмилалии оила, дар саросари ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар тарабхонаи “Шоҳроҳ”- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 12 ҷуфт оилаҳои барӯманд аз шаҳраку деҳоти ноҳия, ки дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, сиҳатии омма, дар ободӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳиссаи арзанда гузошта, дар маҳал соҳибэҳтиром мебошанд, чорабинии идона таҳти унвони “Оила-макони муҳаббат” ҳамҷоя бо Рӯзи шашмақом баргузор гардид.

 Дилором Турсунзода, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, номаи муборакбодии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзодаро ба ифтихори Рӯзи оила ба самъи ҳозирин расонида, афзуд, ки оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордорӣ аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад. Дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷомеа маҳсуб ёфта, аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи Модар таъкид намудаанд: “Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.”

  • Мақсад аз баргузор намудани чорабинии имрӯза низ муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигоҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва дар фазои муҳаббату якдигарфаҳмӣ мустаҳкам ва пойдор нигоҳ доштани оила мебошад, - илова намуд, муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода.

Дар идома аз Шашмақом ҳамчун шоҳкории фарҳанги мусиқии миллии тоҷик ва ҷаҳон, ки туфайли соҳибистиқлолии кишвар ба ин шоҳкории бузург арҷгузорӣ карда мешавад, сухан рафт. Ҳамзамон мақомсароёни муваффақи бахши фарҳанги ноҳия ба ифтихори Рӯзи шашмақом бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд. 

Ровиёни чорабинӣ Фирдавс ва Нигора аз сеҳри оиладорӣ, чигунагии оилаи муваффақ, нақши оила дар камолоти фарзандон,  оила ва арзиши он, саҳми оила дар ободии маҳал, оила дар ташаккули маърифат ва маданият, оила аввалин ва асоситарин мактаби тарбия, унсурҳои оиладории миллии тоҷикона, нақши волидон дар тарбияи фарзанд, одоб ва ахлоқи ҳамида ҷавҳари зиндагии шоиста, одоби рӯзгордорӣ, меҳмоннавозӣ ва муносибату муошират аз оилаҳои барӯманди иштироккунанда пурсон шуда, муқаддас будани оиларо талқин намуданд.

Чорабинӣ бо барномаи калони фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез шукуҳи тозаро касб намуд. Дар интиҳо ба оилаҳо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Хабарнигори

“Парвозгоҳи бузургон”

(суратгир - Д.Бобоҷонов)

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.