Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни ҷавонон ва калонсолон

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори варзишии ҷамоати деҳоти Хистеварзи мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 80 нафар варзишгарони шаҳру ноҳияи Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров байни ҳам сабқат намуданд.

Мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз идома ёфта, ғолибону ҷоизадорон муайян ва бо медалу диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мактаби варзишии №2 сарфароз гардонида шуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.