Б.ҒАФУРОВ: Оғози мусобиқаи футбол тариқи деҳа ба деҳа дар ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров, дар майдони варзишии ҷамоати дехоти Д.Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи деҳа ба деҳа байни дастаҳои Сумчак ва Обшорон баргузор карда шуд, ки дар натиҷа дастаи Сумчак бо хисоби 4:2 ғалибият ба даст овард.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама, таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, дарёфт ва интихоб намудани варзишгарони болаёқат ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ ба ҳисоб меравад.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.