Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки васеи журналистон баргузор гардид
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки васеи журналистон баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, аз нақш ва мақоми матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир сухан намуда, Паёми табрикотии Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзодаро ба ин санаи таърихӣ расонид. Таъкид гардид, ки имрӯз матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон, интихоби дурусти мавзӯъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Дар росто кормандони воситаҳои ахбори омма чун тарғибгарони ҳаёти созандаи ҷомеа дар тарбияи маънавии мардуми кишвар, ҳидоят ба меҳнати созандаву бунёдкорона масъулияти бузург доранд. Зеро рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа аз фаъолияти журналистон вобастагии калон дорад.