ПЕШВОИ МО – ИФТИХОРИ МО!
16-уми ноябри соли 1994 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.





Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Сарбози ватанро истиқбол мегирем!" имрӯз дар ҷамоати Овчиқалъача, сарбозе, ки қарзи шаҳрвандии худ хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба анҷом расонида, сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуд.
Бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия дар маҷлисгоҳи Шуъбаи №2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси идона баргузор гардид. Муовини Раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ таманиёти идонаи Раиси ноҳия Нусратулло Салимзодаро қироат намуда, иштирокдоронро бо фарорасии иди касбӣ табрик намуд.



