ХИЁНАТ МАКУН, ЧУН ХИЁНАТ ХАТОСТ!
(муроҷиатнома ба раҳбари фирории ташкилоти террористии
наҳзатӣ – Муҳиддин Кабирӣ)
Ҷаҳондори мукофот асту дорад табъи ойина,
Ба ҳар сурат, ки ҳасти акси худро ончунон бини.
Кабирӣ устоди дурўғпардози ва муҳандиси фиребкорӣ аст. Ӯ тарроҳи ҷанги нав дар «Ватанаш» аст. Аҷибии кор дар он аст, ки хислатҳои ватанфурӯшӣ дар вуҷуди ӯ чун вабо рӯз то рӯз авҷ мегиранд ва ба арши аъло мерасанд… Барҳак, комати кубриро гўр рост мекунад.