Тавсияҳо барои солимгардонии оризаҳои Ковид-19
Маслиҳати духтур
Бемории коронавирус натанҳо ба иқтисодиёти давлатҳо таъсири манфӣ расонд, балки ба одамоне, ки ин касалиро аз сар гузаронидаанд, оризаҳои худро боқӣ гузошт, ки то ҳол шаҳрвандон аз оризаҳои боқимонда азият мекашанд. Илми тиб исбот кард, ки оrибати бемории коронавирус аз худи бемории Ковид-19 низ вазнинтар аст. Шахсони аз 55 сола боло, беморони ҳамрадиф доранд, ки ин сактаи дилу майна, диабети қанд, фарбеҳӣ, камхунӣ ва ғайраҳо мебошанд. Пасту баланд шудани боду ҳаво ба ингуна шахсон таъсири манфӣ мерасонад, дар натиҷа дар хун тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд. Беэътиборӣ зоҳир кардан ба дигаргуншавӣ, оқибатҳои нохуш дошта, то ба ҳалокатрасӣ оварда мерасонад. Ингуна шахсон бояд дар назорати диспансерӣ қарор гирифта, маслиҳатҳои табибонро бояд пурра иҷро намоянд.