Ифтитоҳи майдонча барои наврасон
р Дар доираи таҷлили сазовори чорабиниҳои идона бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи амалии сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абдурасул Абдуллоев майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонави баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.