ВАРЗИШ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАШАККУЛИ ИНСОНИ БАРКАМОЛ
Таҷлили Рӯзи варзишгарон
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиши ноҳия ҷамъомади хотирмон ташкилу баргузор карда шуд.
Таҷлили Рӯзи варзишгарон
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиши ноҳия ҷамъомади хотирмон ташкилу баргузор карда шуд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон аз ҷумла сокинони маҳаллӣ, ба тамрини доимӣ фаро гирифтани ҷавонон ва наврасон тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
Дирӯз дар деҳаи Чорсуи Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷҳизотҳои варзишӣ ба монанди турник ва брус аз ҷониби чавонони фаъоли ин деҳа сохта ба истифода дода шуд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия минбаъд низ баҳри оммавияти варзиш кӯшиш намуда, ҷавонону наврасонро ба ташаккули тарзи ҳаёти солим раҳнамун месозад.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии шашка ва шоҳмот аз рӯи усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳал ба маҳал» байни занону бонувон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 26 нафар занон, аз ҷумла ҷавондухтарон ва бонувон ҷалб гардида, зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ иштирокчиёни деҳаҳои худро мухлисӣ намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров
Дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид. Ин чорабинии тантанавӣ бо ҳузури меҳмонони воломақом, волидайн ва ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд.
Маросим бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Наваскарони қисми ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намуданд. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати кӯтоҳ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, обутоб ёфтаанд. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамоянд.
Иброҳимзода қайд намуд, ки зери сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда шуд. Ба шарофати ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши Миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизаткунанда табдил ёфтааст.
Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуди иқтисодиву молиявӣ, барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тадбирҳои амалӣ намудааст ва ин раванд идома дорад. Таъкид шуд, ки хизмат ба Ватан, пеш аз ҳама, қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар шаҳрванд мебошад.
Дар идомаи маросим ба наваскарон барои хизмати софдилонаву садоқатмандона ба халқу Ватан, вафодор мондан ба савганди ҳарбӣ ва бо сари баланд ба итмом расонидани хизмати ҳарбӣ барори кор таманно карда шуд. Сипас, модари наваскар ва яке аз навдаъватшавандагон дар назди ҳозирин суханронӣ карданд.
Баъд аз анҷоми маросим, шахсони масъул бо падару модарони наваскарон ҳамсуҳбат шуда, доир ба шарту шароити хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар ин соҳа маълумот доданд. Волидайн низ аз вазъи қисми ҳарбӣ дидан намуда, бо шароитҳои мавҷуда аз наздик шинос шуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |