Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири кулли САҲА Ҳелга Шмид воқеаҳои охир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд
20 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд» — и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.