ҲАМОИШИ МУТАНТАН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар идомаи роҳпаймоии тантанавӣ дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода кулли мардуми шарафмади ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, таъкид дошт, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз навгониҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, саҳми он дар болоравии ҳисси худшиносии шаҳрвандон арзанда аст.





«Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба суйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид»
Дар сарнавишту таърихи давлатдории халқиятҳо воқеаҳои муҳиму тақдирсозе бавуқӯъ омадаанд, ки барои табаддулоту таҳаввулоти он миллат ва дигаргунии раванди давлатдорӣ таъсири муқтадир расонида, дар шаҳкитоби таърих ва зеҳни мардум чун ҳодисаи бузурги таърихӣ ва воқеаи сарнавиштсоз сабт шудааст.



