МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ БАРРАСӢ ШУДАНД
Корҳои тарғиботи байни аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Халифаёр Парвиз Неъматзода идома дода шуда, мулоқот бо фаъолону сокинони деҳоти Ғозиён баргузор карда шуд.
Дар баробари масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили муқовимат ба терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, мазмуну моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи қудак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ӯхдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи забони давлатӣ”, “Барномаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои то соли 2030, дигар барномаву стратегияҳо, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзиву наздиҳавлигӣ, қувваи барқ (барои истифодабарии ғайриқонунии қувваи барқ пешбинӣ карда шудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ), захиракунии маҳсулоти хӯрока ва риояи анъанаҳои миллии пӯшидани сару либос, ки аз тарафи Каримӣ Ҳамза муфассал баён карда шуданд, Халифаёр Парвиз бо ёдрасӣ аз баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Ҷавонон – неруи созандаи кишвар» ва Рӯзи байналхалқии оила оид ба масъалаҳои татбиқи амалии қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», барномаҳои давлатии соҳавӣ, инчунин пешгирии пошхӯриҳои оилаҳои ҷавон, хушунату зӯовариҳои хонаводагӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳо баён намуд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”