ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ҲАТМИСТ

Мулоқот

       Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мулоқоти намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Вохӯрӣ дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин аз 9 марти соли равон оид ба тақвият бахшидани раванди таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояву татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, Балаҷон Идрисзода судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он гузориши муфассал намуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.