КОРРУПСИЯ: НАҚШИ КАЛИДИИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ПЕШГИРӢ
Вақте сухан дар бораи мубориза бо коррупсия меравад, аксаран таваҷҷуҳ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ равона мегардад. Бешубҳа, нақши онҳо калидӣ аст, аммо дар паси ҳар як қонун ва стратегия як қувваи азимтар ва муассиртаре истодааст, ки метавонад тағйироти бунёдӣ ба вуҷуд орад: ин ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар Тоҷикистон низ фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст.
Коррупсия на танҳо як ҷинояти иқтисодӣ, балки бемории иҷтимоист, ки ба тамомияти давлат, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувор осеб мерасонад. Ин падидаи номатлуб эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад, сармоягузориро метарсонад ва дар ниҳоят ба фалаҷ шудани низоми идоракунӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо он набояд танҳо ба дӯши давлат афтад, балки бояд кори умумӣ ва дастаҷамъона бояд бошад. Маҳз дар ҳамин ҷо нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун шарики муҳим ва ногузир ба миён меояд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, расонаҳои мустақил, олимон, фаъолон ва шаҳрвандони одиро дар бар мегирад, дорои иқтидори бузург дар чанд самти асосии мубориза бо коррупсия шуда метавонад:
- Баланд бардоштани маънавиёт: Яке аз роҳҳои муассиртарини пешгирии коррупсия ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад тавассути барномаҳои таълимӣ, семинарҳо, нашрияҳо ва маъракаҳои иттилоотӣ мардумро аз хатарҳои коррупсия ва ҳуқуқҳои онҳо дар мубориза бо ин падида огоҳ созад.
- Тарғибу ташвиқ ва ташаккули афкори оштинопазир: Нақши расонаҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия бениҳоят муҳим аст. Баҳсҳои оммавӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ метавонанд мавзуи коррупсияро доимо дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеа нигоҳ дошта, ба ин падида нафрати иҷтимоӣ эҷод кунанд.
- Ҳимояи қурбониёни коррупсия ва шоҳидон: Коррупсия на танҳо ҷомеаро заиф мекунад, балки ба шахсони алоҳида низ зарар мерасонад. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ба қурбониёни коррупсия ё шоҳидоне, ки далелҳои коррупсиониро пешниҳод мекунанд, дастгирии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ расонанд. Ин муҳим аст, зеро бисёре аз шаҳрвандон аз тарси таъқиб ва интиқом аз ифшои иттилоот худдорӣ мекунанд.
- Таҳияи тавсияҳо ва лоиҳаҳои қонун: Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар самти мубориза бо коррупсия таҷриба доранд, метавонанд ба мақомоти давлатӣ дар таҳияи қонунҳо ва стратегияҳои муассир оид ба мубориза бо коррупсия тавсияҳо пешниҳод кунанд.
Давлати Тоҷикистон аҳамияти нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дарк мекунад. Дар “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия диққати махсус дода шудааст. Гуруҳи тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ бо ҷалби ходимони дин ва фаъолон корҳои иттилоотию маърифатиро ба роҳ мондааст, ки ин намунаи возеҳи ҳамкории давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт мебошад.
Дар ниҳоят, мубориза бо коррупсия танҳо он вақт самарабахш мегардад, ки агар ҳар як фарди ҷомеа зидди ин падидаи номатлуб бошад. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ба ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ аз кӯдакӣ шуруъ кунем, арзишҳои ахлоқӣ ва поквиҷидониро тарғиб намоем ва ба ҳар гуна зуҳуроти фасод тоқатнопазир бошем. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд метавонад ҳамчун ташаббускор ва такондиҳандаи асосӣ хидмат кунад.
Зулола Ибрагимова, сартабиби сохтори бистаринамоии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров