ТАБИБИ ҲОЗИҚИ МАРДУМ ҲАМЕША ДАР АМОН БОШӢ...
*18 август – Рӯзи кормандони соҳаи тиб
Дар арафаи Иди касбии кормандони тиб бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти табибони Маркази саломатии “Ҳайдар Усмонов” ба ин даргоҳ омадем. Паси дари ҳуҷраи кории табиби акушер - гинеколог ашхоси зиёд навбат мепоиданд. Мунтазири расидани навбат шоҳиди гуфтугузори занони синну солашон гуногун гардидам, муомилаи нек, таҷрибаю малака ва дониши хуби пизишкро тавсиф мекарданд.
Шаҳодат Пӯлотовна Темирова дар оилаи хизматчӣ, дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1977 пас аз хатми мактаби миёнаи №11-уми шаҳри Хуҷанд Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ Сино дохил шуда, онро соли 1983 бомуваффақият хатм намуд. Давраи интернатураро дар таваллудхонаи вилоятӣ гузашта, сараввал дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи ноҳиявии №3-юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва минбаъд то имрӯз чун табиби амрози занонаи Маркази саломатии “Ҳайдар Усмонов ” фаъолияташро идома медиҳад.
Дорандаи Ифтихорнома ва Сипосномаҳои зиёд буда, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, 15 набера ва 1 абера мебошад.
Зимни суҳбат ин бонуи бомаърифат иброз дошт, ки аз зани солим насли солим ба дунё меояд. Фарзанд сутуни хонадон аст, ба хотири фарзанд баъзан хатоҳо аз ҷониби зан ё мард бахшида мешаванд, то фарзандон зиндаятим ба воя нарасанд.
Аз суҳбати духтури соҳибтаҷриба дарёфтем, ки бонувонро бештар бемориҳои камхунӣ, захми гардаки бачадон, дарди гурдаю меъда, фишорбаландӣ, вайроншавии давраҳои ҳайз ва безурётӣ азият медиҳанд. Ҳатто бемориии ҷоғар оқибатҳои зараровар дорад,- мегӯяд ӯ. Аз ин сабаб, волидон бо эҳсос намудани аввалин нишонаҳои ин беморӣ бетаваҷҷуҳ набошанду саривақт ба духтур муроҷиат намоянд. Дар бобати истифодаи доруҳо ва тавсияи духтурон низ набояд бепарво бошанд.
- Шумо чун як мутахассиси варзида атрофи зани солим чӣ андеша доред?
- Солимии ҷомеа аз солимии зан вобаста меборшад. Аз оила сар карда, бояд баҳри солимии зан ва ҷомеа талош варзем. Зан он вақт хушбахт аст, ки фарзандаш солим бошад. Зан бояд вазъи саломатӣ ва шароити иқтисодии хонаводаашро ба инобат гирифта, пас аз он дар фикри ба дунё овардани кӯдак шавад. Ба зан шароит фароҳам овардан даркор, то ӯ тавонад сари вақт аз муоинаи духтурону момодояҳо гузарад. Аз натиҷаи ташхису таҳлилҳои зани ҳомила бояд духтури минтақавӣ огоҳ бошад. Бонувон худашон барои худашон тарзи ҳаёти солимро интихоб намоянд.
Шаҳодат Темирова табибест, ки ба касби хеш содиқ асту бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолияташро пеш мебарад. Мавсуф шукргузор аз соҳибистиқлолӣ ва оромию осудагии Ватани маҳбуб Тоҷикистони азиз аст. Ӯ ҳамеша дар байни ҷомеа буда, муошират ва муносибати хуб ва донишу малакаи касбиаш ӯро дар байни маордум соҳибэҳтиром гардонидааст. Ин аст, ки мардум бо ихлос ва боварӣ ба наздаш меоянду эътирофаш мекунанд.Бале, ҳар қадар маърифат, дониш ва андешаю завқи табиб баланд бошад, ҳамон қадар маърифати тиббии ҷомеа низ баланд мешавад.
Ба корҳои минбаъдаи ин табиби шинохта, дардошнои занону бонувон Шаҳодат Темирова барору комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорем.
Мавлуда ҲОҶИБОЕВА, узви ИЖТ
“Парвозгоҳи бузургон”