ҚАДРДОНИИ ХИЗМАТҲОИ ПУРАРЗИШ

Рӯзи нақлиётчиён

     25 - уми июл дар кишвар Рӯзи кормандони касбии соҳаи нақлиёт таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он нақши муҳими ин соҳа дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъкид шуд.

   Ҷаласаро муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сарпарасти соҳа, Фирдавс Абдуллозода ифтитоҳ намуда, аз номи раиси ноҳия Нусратулло Салимзода тамоми масъулони вобастаи соҳаи нақлиёт ва роҳбарони ширкатҳои нақлиёти мусофиркашонии ноҳияро бо иди касбиашон табрик гуфт.

   Дар суханронии худ Фирдавс Абдуллозода қайд кард, ки соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ буда, рушди кулли соҳаҳо бо фаъолияти самараноки нақлиётчиён алоқаманд аст. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 10 ширкати нақлиётӣ ба мардум хидмат мерасонанд. Аз ҷумла: ҶСК “Сайёр” (№328), ҶДММ “Чарх” (№55), Ютранс – компания (№90),“Аэлита” (№113),“Ронанда - 1” (№66),“Востоктранссервис” (№92), “Дархост” (№110, “Бобо Ӯлмас” (№92 “А”), Муҳаммад - транс” (№116), ҶСК “Сорбон” (№105) мебошад.

   Ҳамчунин, таъкид гардид, ки нақлиётчиёни ноҳия дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, бо бахши саноат ва нақлиёти ноҳия ҳамкории судманд доранд, ки ин ба пешрафти умумии минтақа мусоидат мекунад.

    Дар фарҷоми чорабинӣ ба нишони қадрдонии заҳматҳои ин қишри ҷомеа, ҳамаи роҳбарони ширкатҳои нақлиётӣ бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд. Ин иқдом аз таваҷҷуҳи мақомоти иҷроия ба рушди соҳаи нақлиёт ва дастгирии кормандони он шаҳодат медиҳад.

Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.