Explore

ОГОҲ БОШЕД! НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД!

     Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

Сомонаҳои ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои зерин ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ баста шуданд ва воридоти адабиёти онҳо манъ аст:

  1. Ҳизби Наҳзати Исломӣ
  2. Ташкилоти «Ал-Қоида»
  3. Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ
  4. Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон)
  5. Ҳаракати «Толибон»
  6. Ташкилоти «Бародарони Мусулмон»
  7. Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба»
  8. Гурӯҳи исломӣ (Ҷаъмият-е-Ислам-и Покистон)
  9. Ҷамъият-е-Таблиғ
  10. Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот»
  11. Тоҷикистони Озод
  12. Ҳизби Таҳрир
  13. «Ҳизб-ут-таҳрир»
  14. Равияи динии «Салафия»
  15. Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ»
  16. Ҳаракати ҷамъияти «Гурӯҳи 24»
  17. Ташкилоти «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом)
  18. «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра)
  19. «Паймони миллии Тоҷикистон»
  20. Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ)
  21. Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ)
  22. Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ)
  23. Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамейн, Дом двух святых)
  24. Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург)
  25. Ҷиҳоди Исломӣ — «Ҷамоати муҷоҳиддин»
  26. Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво»
  27. Ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News)
  28. Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон»
  29. Ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2».

Бояд таъкид намуд, ки тибқи қонунгузорӣ таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Таъсиси ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хилофи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда буда, мақсади онҳо ба поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, бо истифода аз дини мубини ислом, матбуоти даврӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, даъват намудан барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдорсозии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ равона шудааст.

Дар робита ба ин, дар қонунгузории ҷиноятӣ як қатор кирдорҳо ҷиноят эътироф гардида, барои содир намудани онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо пешбинӣ гардидаст.

Чунончи, моддаи 307 прим 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо муқаррар намудааст.

Тибқи қисми 2 моддаи мазкур бошад барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (лайк гузоштан, ҷонибдорӣ, паҳн ва таблиғ кардани ғояҳо) ҷавобгарӣ барои содир кардани он бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо муқаррар гардидааст.

Ҳамчунин дар моддаи 3074 Кодекси ҷиноятӣ барои ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим, ҷавобгарӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо пешбинӣ карда шудааст.

Қисми 2 моддаи зикршуда барои ҳамин кирдор, агар: бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад, бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад, ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол муқаррар намудааст.

Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд.

Шаҳрвандони кишвар бояд доданд, ки ҳар шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз вазифаҳои шахс ҷудо нестанд. Ҳар шахс дар рафти амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳояш бояд вазифаҳои муайяни ба зиммааш гузошташударо иҷро намояд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки масъалаҳои зикргардидаро дуруст дарк намояд ва нагузорад, ки фарзандону наздиконашон ба ақидаҳои носолиму иғвоанзези ин созмонҳо пайравӣ намоянд, фирефтаи ақидаҳо ва ташвиқу тарғиби душманонаю ваъдаҳои иғвогаронаи онҳо гарданд.

Зеро ақидаю ғояҳои ин гуна ташкилоту равияҳои террористӣ-экстремистӣ ба дини мубини Ислом ва мазҳаби Абуҳанифа иртиботе надошта, таблиғгарони ин созмону гурӯҳҳо меъёрҳои Қуръон ва Ҳадисро нодуруст маънидод мекунанд ва Исломро барои амалӣ гаштани ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода мебаранд.

Маҳз ба хотири баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин тарбияи насли имрӯза, омӯхтану аз худ кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагонамон бояд вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандон бошад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон вазифадор ва масъул мебошанд, ки ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунанд. Фирефтаи тарғибу ташвиқи душманон ва хоинони миллат нагарданд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

«ПАДАРИ МИЛЛАТ НЕ, ФАРЗАНДИ МИЛЛАТ ҲАСТАМ»

Дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст. Ду фаввораи зебо пайкараро, ки бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст, гӯё посбонӣ доранд. Аз ду тарафи муҷассама рамзи китобӣ ҷойгир аст. Рамзи аввалӣ муҳтавои меҳрномаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба арзиши гарони илмии шоҳасари «Тоҷикон» буда, рамзи дигар бозгӯи асари мондагори Бобоҷон Ғафуров аст.

САМИМИЯТУ СУБОТИ МО БАҲРИ ШУКУФОИИ ДИЁРИ АРҶМАНД

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи мо ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолияти худро дар асоси санадҳои танзимкунандаи соҳа, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, қарорҳои Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ мондааст ва ин самтро таҳким мебахшад.

М.Садриддин - эталон высшего проявления бесчестия

М.Садриддин - эталон высшего проявления бесчестия

  • О том, что злоумышленник и вредитель Мухаммадикбол Садриддин, редактор сайта «Ислох.нет» нанёс много вреда обществу писалось и ранее. Однако выявлены новые факты, которые оглашены в социальных сетях. Оказывается, что Мухаммадикбол не только аферист, но и лицо с нетрадиционной сексуальной ориентацией. Именно по этим мотивам он выбрал место жительства Париж. Практика показывает, что именно такие люди, если их можно назвать людьми, словоохотливее других говорят о честности. Приводят отрывки из Корана и хадисов, оправдывают свою гнусную деятельность и поведение. М.Садриддин - авантюрист и шантажист по природе. Этому есть ряд причин:
    Во-первых, у С.Мухаммадикбола всё перепуталось в душе. Он заполнен неизмеримой ненавистью к своей исконной земле. Как сын одного из руководителей террористической организации ПИВ - Садриддина Каландара, он зол на судьбу, что ввиду антиправительственной деятельности не может вернуться на Родину. По этой причине, не может участвовать в благоустройстве если не всего Таджикистана, то хотя бы собственного дома, расположенного в окраинах города Бохтара (бывшего Курган-тюбе). Дом развален, не кому за ним посмотреть. Сам Садриддин М., страдающий депрессией, испытывает острый комплекс неполноценности.
    Представители родни М.Садриддина в 70-е годы стремились массово радикализировать населения бывшей Курган-тюбинской, а ныне Хатлонской области. В силу религиозной направленности, это опасная пропаганда привела к междоусобной войне.
    Он не гнушается выдавать ложь за правду, рисуя не знающим людям искаженную ситуацию о место и роли власти и религии. С.Мухамадикбол переливает из пустого в порожное. Дорога предателям выношена в ад. Предателей никто не любит, то ли они в Африке, то ли в Арктике.

    Андреев А. бывший житель г.Бохтара, Таджикистан

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.