БОЗДИДИ ҲАЙАТИ МАСЪУЛИН АЗ МАРКАЗИ ВИЛОЯТИИ БАРҚАРОРСОЗӢ ВА СОЛИМГАРДОНИИ КӮДАКОН

     
      Чанде қабл муовини раиси вилояти Суғд, Ҷамшед Ҷӯразода, дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Дилором Турсунзода, ва дигар масъулони соҳа аз Муассисаи давлатии Маркази вилоятии барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад, боздид намуданд. Ин боздид ба мақсади шиносоӣ бо фаъолият ва шароити Марказ анҷом дода шуд.
    Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки Марказ баҳри амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдакони гирифтори бемориҳои шуш, дил ва асаб фаъолият мебарад. Ҳадафи асосии Марказ барқарорсозӣ ва расонидани ёрии тиббии солимгардонӣ ба кӯдакон бо истифода аз усулҳои муосири тиббӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Инчунин, Марказ барои ҳамбаста намудани кӯдакон дар ҷамъият саҳм мегузорад. Ба Марказ кӯдаконе, ки аз бемориҳои болозикр шикоят доранд, аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва кӯдаконе, ки маъюбият доранд, фаро гирифта мешаванд. Муҳим он аст, ки ҳамаи хизматрасониҳо дар Марказ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд, ки ин имконияти дастрасии баробарро ба табобат барои ҳамаи кӯдакони ниёзманд фароҳам меорад.
    Марказ дорои 130 кати табобатӣ буда, кӯдакони аз 3 то 18-сола аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба он фаро гирифта мешаванд. Муҳлати солимгардонӣ барои ҳар як кӯдак 24 рӯзро дар бар мегирад, ки имкон медиҳад барқарорсозии ҳамаҷонибаи саломатии онҳо таъмин гардад.
Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷараёни боздид бо шароити будубош, сифати хизматрасонӣ, вазъи атрофи бино ва ҳолати санитарӣ-гигиении Марказ аз наздик шинос шуд. Пас аз арзёбии вазъият, ӯ барои беҳтар намудани фаъолияти Марказ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба кӯдакони ниёзманд тавсияҳои муфид дод. Ин тавсияҳо ба баланд бардоштани сифати табобат ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои кӯдакон равона шудаанд.
.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.