ИТТИЛОИЯ. Дар бораи идомаи амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистон дар минтақаи марзӣ

 

Бо вуҷуди аз ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расидани протокол дар бораи ба низом даровардани вазъият дар марз ҷониби Тоҷикистон якчанд амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистонро сабт кардааст, ки ташаннуҷ дар сарҳадро афзоиш медиҳанд. Дар ин бора дар паёми иттилоотие, ки дар саҳифаи фейсбукии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад.

 

Ҷониби Қирғизистон ҳолати аз хатти даргириҳо берун баровардани қӯшунҳо ва техникаи вазнини низомиашро бардурӯғ вонамуд карда, онҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишини наздимарзии ноҳияҳои Лайлак ва Ҷонолойи вилояти Бодканди Қирғизистон пинҳон мекунад.

18 сентябр дар наздикии дидбонгоҳи марзии «Сарҳадчӣ» дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон таҷҳизоти вазнини низомии пинҳоннамудаи иборат аз чаҳор воҳид – БТР, БМП, БРДМ и ЗУ 22мм-и Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ба мушоҳида расиданд.

19 сентябр дар наздикии нуқтаи аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон макони ҷойгиршавии техникаи низомии пинҳоннамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон дар ҳаҷми 12 адад ошкор гардид.

19 сентябр дар фосилаи начандон дуртар аз дидбонгоҳи сарҳадии №3 «Нуробод»-и ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ҳузури неруҳои вижаи Қирғизистон бо теъдоди 70 нафари мусаллаҳ муайян карда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон сабти мавридҳои зиёди нақзи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин аз қаламрави Қирғизистон идома медиҳад. Ҳамин тариқ, 19-20 сентябр парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини қирғиз дар фазои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ​​ва Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, посгоҳҳои сарҳадии «Сарҳадчӣ» ва «Ширинчашма»-и ноҳияи Лахш, «Росровут» ва «Муряк»-и ноҳияи Деваштич, инчунин дар болои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида расид.

Тоҷикистон бори дигар ҷониби Қирғизистонро даъват мекунад, ки санадҳои имзошуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзиро қатъиян иҷро кунад. Дар акси ҳол ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ хоҳад кард. Масъулияти оқибатҳои ин гуна амалҳои иғвогарона бар дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.