ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР МАДДИ НАЗАР
Боздиди корӣ аз мактабҳои вилояти Суғд ва омодагии онҳо ба соли нави таҳсил дар мадди назари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ қарор гирифт. Ӯ дар доираи ин сафари корӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд. Мақсад аз ин сафар шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис, омодагии синфхонаҳо ва биноҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2025-2026 буд. Дар ин боздид муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва дигар шахсони масъул муовини сарвазирро ҳамроҳӣ намуданд. Ҳайати меҳмонон аз фаъолияти мактаб, вазъи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, шароити таълиму тарбия, ҷобаҷогузории омӯзгорон ва ҷойи нишасти хонандагон шинос шуданд. Маълум гардид, ки ин муассисаи таълимӣ таъмири ҷорӣ шуда, ба соли таҳсили нав пурра омода аст. Дар ҷараёни ин боздид Дилрабо Мансурӣ ба масъулони соҳа дастурҳое дод, ки ба беҳтар намудани шароити таълим, рушди фанҳои дақиқ, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва тақвияти заминаи моддию техникӣ равона шудаанд. Ӯ ҳамчунин ба фароҳам овардани муҳити солим барои хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Боздиди муовини Сарвазир аз ин муассисаи таълимӣ нишон медиҳад, ки мақомоти давлатӣ ба омодагии мактабҳо барои соли нави таҳсил ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои хонандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд.
«Парвозгоҳи бузургон»