ДАР ТАҲКИМИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ
Шиносоии Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз раванди корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард. Зимни боздид аз рафти корҳои навсозӣ дар бинои Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз навсозӣ ва обод карда мешавад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Раиси вилоят ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин дар доираи сафар Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Хубҷам Инвест” — яке аз корхонаҳои муваффақи саноатии вилоят шинос шуд. Масъулини ширкат иттилоъ доданд, ки дар назар аст, ду сехи нави истеҳсолӣ — сехи истеҳсоли равған аз тухми офтобпараст ва сехи резиши равған мавриди истифода қарор гиранд.
Иқтидори истеҳсолии сехи равған дар як шабонарӯз 200 тонна муайян гардида, бо ба фаъолият шурӯъ кардани ин ду сехи саноатӣ, беш аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Ин иқдом боз як қадами устувор дар роҳи саноатикунонии босуръати ноҳия арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд