ҶАМЪБАСТИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида, дар Маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳия Абдуаҳад Ҳакимзода баргузор гардид. Дар кори маҷлиси фаъолони ноҳиявӣ муовини Раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед иштирок ва суханронӣ намуд.
Оид ба масъалаи «Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нимсолаи аввали соли 2025» муовини раиси ноҳия Юсуфӣ Акбар маърӯзаи муфассал пешниҳод намуд. Зимни иттилои ӯ, қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ба таври назаррас 106,4 фоиз иҷро гардидааст. Ба ҷои нақшаи 346 255,0 ҳазор сомонӣ, воридот 368 446,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 22 191,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин, қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 216 691,9 ҳазор сомонӣ 216 149,1 ҳазор сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин аз нақша 542,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Мувофиқи ҳисоботҳо, дар ин давра дар ноҳия қарз аз пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ мавҷуд намебошад, ки ин дастоварди муҳим дар таъмини устувории иҷтимоӣ ва риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ аст. Музди миёнаи маоши кормандон 2290,1 сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 (1787,4 сомонӣ) ба маблағи 502,7 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1771,0 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 47,0 миллион сомонӣ кам ва суръати афзоиш 91,9 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла:
Саноати истихроҷӣ: 8,7 миллион сомонӣ;
Саноати коркард: 1610,5 миллион сомонӣ, ки аз ин:
- Истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, нӯшокиҳо ва тамоку: 1256,0 миллион сомонӣ;
- Истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ: 11,7 миллион сомонӣ
- Дӯзандагӣ: 8,0 миллион сомонӣ
- Маснуоти чӯбу тахта: 3,0 миллион сомонӣ
- Истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ: 11,0 миллион сомонӣ
Дар давраи ҳисоботӣ аз 210 корхонаҳои истеҳсолӣ 187 адад фаъолият намуда, 137 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд намуданд. Инчунин, 23 корхона аз сабаби набудани фармоишгар, набудани маблағи гардиш, дигар кардани самти фаъолият ва ба фурӯш нарафтани маҳсулот, фаъолият накарданд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ин ба истифода додани 16 корхонаи саноатии нав ва хатҳои иловагӣ аз тарафи соҳибкорон дар ноҳия мебошад. Ин ташаббус боиси таъсиси наздик ба 150 ҷои нави корӣ гардид. Аз ҷумла, ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Файзи Юсуф” (истеҳсоли регу шағал), “Абдуғаффор” (истеҳсоли яхмос), “Муртазои Мустафо” (истеҳсоли хишти сементӣ), “Алюминсоз” (истеҳсоли дару тирезаҳои алюминӣ), “Шириниҳои Асияхон” ва “Шириниҳои Мафтун” (истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ), “Дево” (дӯзандагӣ), “Осиё Инвест” (истеҳсоли орд ва макарон), “Икромов Саидамир” (маҳсулоти ширӣ), “Файзи Бӯстон” (халтаҳои полиэтиленӣ), “Чарми Қалъа” (коркарди чарм) ва “Муродӣ” (макарон) аз зумраи корхонаҳои навтаъсис мебошанд.
Дар идома, соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёт ва энергетика, бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар доираи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаҳо, роҳбарони сохторҳо, раисони ҷамоатҳову хоҷагиҳо ва дигар масъулони дахлдор аз ҷониби муовини якуми раиси ноҳия Абдуаҳад Ҳакимзода ба таври ҷиддӣ пурсиш карда шуданд. Барои бомуваффақият ҷамъбаст намудани сол вазифагузориҳои мушаххас дода шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед низ зимни суханронӣ дар заминаи супоришҳои Раиси вилоят, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ дастуру супоришҳои судманд баён намуд. Ин дастурҳо барои таҳкими рушди ноҳия дар нимсолаи дуюми сол заминаи мустаҳкам мегузоранд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”