ҲАМ ХОНА ОБОДУ ҲАМ БОЗОР

   

    Замони истиқлол ба деҳоти мо на танҳо озодӣ, балки мазмуни наве ба зиндагӣ бахшид. Хусусан, бо тақсими заминҳои президентӣ, мардуми деҳот соҳиби умеди нав гаштанд ва бо меҳнати худ кӯшиш карданд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Дар байни ин меҳнаткашон, ки имрӯз хони мардумро бо дастархони пурфайз зебу зинат медиҳанд, Насимҷон Домуллоҷонов аз деҳаи Овчиқалъача намунаи ибрат аст. Ӯ на танҳо соҳиби замин, балки як фарзанди асили деҳот аст, ки бо меҳнати ҳалолаш баракат ёфта, хонаашро обод кардааст.

     Бо тақозои тақдир, чанд рӯз пеш бароям муяссар шуд, ки бо ин шахси меҳнатдӯсту кордон ҳамсӯҳбат шавам. Вақте ки дар бораи комёбиҳои ӯ сухан мерафт, Насимҷон бо табассуми қаноатмандӣ ба хотираҳояш ғарқ шуд.

«Моҳҳои сентябр ё октябри соли 2022 буд,» – ба ёд овард Насимҷон, – «писарам аз Россия маблағе фиристода, гуфт, ки барои худам мошинаи сабукрав харам.»

«Хеле хуб-ку!» – бо самимият шод шуда гуфтам аз рафтори фарзанди қобили ҳамдеҳаам.

«Албатта, хуб. Аммо ман мошинаро нахаридам, маблағро бошад, барои дигар мақсад харҷ намудам.»

    Ин суханон кунҷковии маро бедор карданд: «Хӯш, хӯш, акои деҳқон. Сир набошад, гӯед, он мақсади дигар чӣ будааст?»

Насимҷон табассум кард ва сипас бо қаноатмандӣ аз натиҷаи кори кардааш гуфт: «Кӯчати навъи калон-калони қулфнайро харидам ва соли дигар оилаам аз ҳосили қулфнай зиёда аз 100 000,00 сомонӣ даромади тоза гирифт.»

«Насиб кунад, насиб кунад!» – гуфтам ман, бо тамоми ҳастӣ барояш дуои нек карда.

     Маълум шуд, ки ҳамон сол Насимҷон ба он маблағи писараш фиристода 20 000 бех кӯчати қулфнайро бо нархи як сомонӣ харид намуда, 0,30 га замини пас аз бодирингро ба қулфнайзор табдил медиҳад. Ва тавре ки худи ӯ қайд намуд, соли дигар даромади дилхоҳро соҳиб мегардад. Ин як далели равшани он аст, ки бо нияти нек ва меҳнати фидокорона ҳатто аз имкониятҳои хурдтарин ҳам метавон даромади калон ба даст овард.

     Дар айни замон, Насимҷон бо оилааш 1,20 га майдони қулфнай, 0,10 га майдони малина ва қариб 1,0 га майдони пунбадонаро нигоҳубин мекунад. Албатта, ҳангоми пайдо шудани зарурат ӯ коргарони кирояро низ ҷалб мекунад, ки ин ба иқтисодиёти маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.

     Насимҷон маро ба тамошои майдонҳо таклиф намуд ва ман бо хушнудӣ розӣ шудам. Мехостам аз сирҳои парвариши қулфнаю малина аз наздик шинос шавам. Ҳангоми сайр, суханро бештар ба ихтиёри деҳқони пухтакор гузоштам. Ӯ қайд намуд, ки мавсими чиниши аввали қулфнай ҳоло ба охир мерасад ва барои мавсими навбатӣ бояд тайёрӣ дид. «Навъи ҳозираи қулфнай, ки хеле калон-калон аст, нисбат ба навъҳои пештара нозуктар буда, ба офтоб тобовар нест,» – гуфт ӯ. Аз ин рӯ, дар вақти мавсими чиниш майдонро бо алафи муайян пӯшонидан ба мақсад мувофиқ аст, то ки теғи офтоб ба ҳосили пухта таъсири сахт нарасонад. Ӯ афзуд, ки ранги қулфнайи дар қабатҳои баргу алафҳо, яъне дар ҷои салқин пухта, тозаю ҷилонок менамояд. Ин ҷузъиёти хурд сирри ҳосили фаровон ва босифати ӯро ошкор мекарданд.

      Ҳангоми тамошои майдонҳо ногоҳ чашмони Насимҷон ба гули нави дар оғуши баргҳо шукуфтаи қулфнай афтода, чун кӯдаквор шод гардид.

«Дидед, ако, ана, як дона гули нави мавсими нав,» – гуфт ӯ бо ишора ба гули сафеди нозук. «Фардо он даҳ-понздаҳто, рӯзи дигар сад-ҳазорто мешавад.»

«Парвардигор баракаашро диҳад. Ҳалолатон бод!» – гуфтам ман, боз ҳам аз ин меҳнатдӯстиву садоқат ба замин мутаассир шуда.

Дар вақти хайру хуш, Насимҷон ба ман гуфт: «Рӯзҳои наздик ҳосили малина пухта мерасад, бозори мардум боз ҳам пурраю обод мешавад.»

     Ҳамин тавр, Насимҷон Домуллоҷонов на танҳо як деҳқони оддӣ, балки рамзи ободии деҳоти мо ва намунаи ибрат барои ҷавонон аст. Қиссаи ӯ нишон медиҳад, ки бо кӯшиш, ақл ва эътимод ба замин, метавон на танҳо зиндагии худро обод кард, балки дар таъмини хони пурфайзи мардум саҳм гузошт.

Ҳошимҷон Шарипов,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.