МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

   

    Ваҳдати миллӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро бунёд намудаанд, на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки сарчашмаи ҳамаи рушду комёбиҳои халқу миллати Ватани азизамон мебошад. Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр ин ваҳдат кишвари моро ба сӯи пешрафтҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамун сохта, Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир ба мақоми шоистае расонидааст.

    Ба ёд меорем он солҳои душворро, ки кишвари мо дар гирдоби низоъҳои дохилӣ қарор дошт. Аммо баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон қадамҳои устувор ба сӯи эъмори давлати навин гузошт. Нияти неку созанда ва иродаи қавии сиёсии Сарвари давлат имкон дод, ки ҳадафи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ гардад.

    Маҳз ҳамин фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик, инчунин азму иродаи қавӣ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буд, ки мо ба ин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкаме барои таъмини волоияти қонун, раҳоии иқтисодиёти кишвар аз бӯҳрон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи шаҳрвандон гардид.

    Ин падидаи таърихӣ исбот намуд, ки халқи тоҷик дорои эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва хиради азалӣ буда, қудрати бузурги эҳёгарии он боиси чунин комёбиҳои назаррас шудааст.

    Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст. Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷониби тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири таърих арзёбӣ шуда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтааст. Ин барои мо ифтихор аст, ки Тоҷикистон имрӯз рамзи сулҳу ҳамбастагӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

    Ҳар сол мову шумо Рӯзи Ваҳдати миллиро бо рӯи сурху сари баланд ҷашн мегирем ва бо ҳар гӯшаи вуҷудамон эҳсос мекунем, ки ваҳдат ва истиқлол ду мафҳуми аз ҳам ҷудонопазиранд. Маҳз ба ин хотир, халқи бузурги мо ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат ба хубӣ мерасанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд.

   Ҳамдиёрони азиз!

   Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва кишвари соҳибистиқлоли давлати тоҷикон буд. Вазифаи ҳар як фарди ҷомеа имрӯз дар он аст, ки ғояҳои сулҳу амният, осудагӣ, ватандӯстию худшиносӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллатро тарғиб намояд. Пояҳои истиқлоли давлатии мо сол аз сол қавитар мегардад. Амнияту оромӣ, ки маҳз маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошад, имкониятҳои осудагии кишвари моро бештар фароҳам овардааст.

    Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ва саодати миллат табрик гуфта, хушбахтӣ, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.