Озмуни ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия

Нимаи дуюми рузи 13 феврали соли 2021 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи филиали иттифоки чавонони Точикистон дар нохияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи Гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҳарбӣ-варзишии "Ватанпарвар" байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии нохияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгохи мактаби варзиши 2 нохия баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии озмун муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ва Сардори Раесати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд - Раиси филиали Иттифоки ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллй огоз гардида, Назарзода Р.Ш. кайд намуд, ки имруз дар кишвар зиеда аз 18000 нафар чавонони ватандуст дар кисмхои чуьзу томи кишвар адои хизмат намуда истодаанд, ки мо чавонони даврони сохибистиклол карзи шахрвандии худро ба Ватан- модари худ бояд ба чо орем ва дар охир хамаи иштирокчиенро бо 28-умин солгарди Рузи таьсисебии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон табрик намуд.

Сипас, озмуни мазкур аз рӯи бахшҳои вазнбардорӣ, сафороӣ, тирпарронӣ, пӯшидани ниқоби газӣ, ҷобаҷогузории силоҳи таълимӣ, беҳтарин газетаи деворӣ ва ғайраҳо доир гардид.

Дар натиҷа дастаи хонандагони муассисаи хучусии Амид сазовори макоми аввал, дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 27 сазовори мақоми дуюм ва дастаи хонандагони гимназияи 5 сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Аз чониби муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон Назарзода Ризо Шодй ва Сардори Раесати кор бо чавонон ва варзиши вилояти Сугд Каримзода Мирзокосим ба иштирокчиени фаьол ва ғолибону чоизадорон туҳфа, чом, медал ва дуплому сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.