РУШДИ ҶОМЕА ТАВАССУТИ ТАНЗИМИ РАСМУ ОИН
«… ба халқи шарифи худ, хусусан ба падару модарон муроҷиат менамоям, ки маблағи ёфтаи худро ба ҷои ба маросимҳои беҳудаву нодаркор ва серхароҷот барбод додан, ба ғизои дурусти оилаи худ, беҳбуди шароити зист ва таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ сарф намоянд.»
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон – кишваре, ки ба танзими расму оинҳо қонун қабул кард. Ин иқдом на танҳо иқтисоди оилаҳоро мустаҳкам намуд, балки ба таҳкими арзишҳои миллӣ ва мубориза бо хурофотпарастӣ мусоидат кард.
Солҳо мегузаранд, аммо рӯзгоре буд, ки ҷашну маросимҳои пурдабдаба бо харҷи зиёд на танҳо бори гарон бар дӯши мардум буд, балки ба амнияти ҷомеа низ таҳдид мекард. Маҳз дар ҳамин давра, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасмими муҳим гирифта шуд: қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Ин санад, ки инак 15 сол боз дар хидмати мардум аст, аз назари бисёриҳо як қонуни миллӣ ва зиндагисоз эътироф шудааст.
Қонуни мазкур на танҳо расму оинҳоро танзим кард, балки мардумро ба фарҳанги рӯзгордорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ ҳидоят намуд. Он дар роҳи солимгардонии ҷомеа ва мустаҳкам намудани оила заминаи устувор гузошт, зеро ҷомеаи солим аз оилаи мустаҳкам оғоз меёбад. Мақсади асосии қонун гузаронидани тӯю маъракаву маросимҳо ба таври камхарҷу замонавӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қабл аз қабули ин қонун, ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад. Қисме аз ин маросимҳо ба сабаби серхарҷ буданашон боиси пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Бузургони илму адаби форсу тоҷик низ ҳамеша ба ин масъала таваҷҷуҳ доштанд. Унсурмаолии Кайковус дар «Қобуснома» таъкид кардааст: «Харҷ ба андозаи дахл бояд бошад, то ниёзманд набошӣ. Агар дираме ба даст биёрӣ, харҷ камтар аз он дирам бикун. Ба ҳар чизе, ки дорӣ қаноат пеша кун, зеро қаноат кардан бениёзӣ аст».
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули Қонун ба ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа ва хусусан ҷавонон мусоидат намуд. Ҷашну маъракаҳо дар кишвар ба низом дароварда шуданд. Ҳарчанд аксарияти мардум ин қонунро хуб пазируфтаанд ва дар татбиқи он фаъолона саҳм мегузоранд, аммо мутаассифона, ҳанӯз ҳам қонуншиканиҳо ба қайд гирифта мешаванд. Одамони худхоҳу шӯҳратпараст тӯю маърака ва маросимҳои дафну азодориро воситаи худнамоӣ пиндошта, бо ин роҳ мехоҳанд обрӯву эътибор бигиранд. Чунин изофаравӣ ва хароҷоти зиёд боис гардидааст, ки ҳанӯз баъзеҳо дидаву дониста ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд.
Мақсади асосии Қонун баланд бардоштани дараҷаи иҷтимоиву иқтисодии мардум, мусоидат ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Риояи ҳатмӣ ва қатъии Қонун дар амал татбиқ кардани тамоми муқаррароти он вазифаи шаҳрвандии ҳар фардест, ки миллат, давлат ва Ватани худро дӯст медорад ва хоҳони зиндагии шоистаи мардуми он мебошад.»
Ин суханон на танҳо як насиҳат, балки роҳнамои зиндагиест, ки бояд сармашқи кори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Биёед ҳамагон дар ташаккули низоми арзишҳои миллӣ, ки тамаддуни қадимаи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, саҳмгузор бошем ва ба исрофкориву хурофотпарастӣ роҳ надиҳем.
Улуғбек Темиров, мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
(акс аз интернет)