НАВОИ БЕҒУБОРИ БАҲОР ДАР ДИЁРИ ҒАФУРОВ

1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

       Субҳи нахустини июн фаро расид. Офтоби тозадами баҳорӣ нурҳои заррини худро бар сарзамини азизи мо мепошид ва ҳаво аз нафаси гарми ҳаёт саршор буд. Аммо ин субҳ дар диёри Бобоҷон Ғафуров шукӯҳи дигар дошт. Варзишгоҳи ҷамоати Исфисор, ки одатан бо ҳаракати варзишгарон ва садои тӯб пур мешуд, имрӯз ба идгоҳи рангоранги кӯдакон табдил ёфта, аз нигоҳҳои беғубор ва хандаҳои беолоиши онҳо нур мепошид. Гуруҳ-гуруҳ кӯдакони босаодати даврони соҳибистиқлолӣ, бо чеҳраҳои шукуфон ва дилҳои пур аз шодӣ, гирди ин макони фароғатро иҳота карда буданд. Онҳо бо шукргузорӣ аз зиндагии осуда ва фазои меҳрубоние, ки дар Ватани азизашон ҳукмрон аст, олами кӯдаконаи худро дар намоишгоҳи тамошобоб ҷилвагар менамуданд. Ҳар як гӯшаи намоишгоҳ ҷаҳони аҷиберо пеши чашм мегузошт. Манзараи дилфиреби қаҳрамонони афсонавӣ, ки аз дастони нозуки кӯдакон рӯйи коғаз ва рег нақш баста буданд, ҳар бинандаро ба олами хаёлоти ширин мебурд. Ихтирокориву навовариҳои хурдакак, ки аз зеҳни кунҷков ва дастони ҳунарманди онҳо сар зада буданд, нишонае аз ояндаи дурахшони ин насли нав буданд. Олами гулҳову паррандагони хушхон, ки бо рангҳои ҷозиб ва шаклҳои дилрабо сохта шуда буданд, зебоии табиатро дар нигоҳи кӯдакона таҷассум мекарданд. Ҳунарҳои дастии аҷдодӣ, ки аз маҳфилҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, нишонае аз эҳёи анъанаҳои миллии мо буданд. Зардӯзиву кашидадӯзӣ, бофандагиву кошинкорӣ, дуредгариву челонгарӣ – ҳар як ҳунар аз заҳмати беғаразона ва истеъдоди фавқулодаи кӯдакон дарак медод. Ин на танҳо намоиши ҳунар, балки ифтихори насли ҷавон аз мероси фарҳангии хеш буд. Маҳорати навозандагони мактаби санъати ноҳия аз мусиқишиносии кӯдакон дарак медод. Барномаи театрикунонидашуда, ки дар он кӯдакон бо маҳорати хоса нақшҳои гуногунро иҷро мекарданд, ба чорабинӣ шукӯҳи дигар зам намуд. Бозиҳои варзишӣ ва тамринҳои ҷисмонӣ, ки аз ҷониби кӯдакони дӯстдори варзиш ташкил шуда буданд, нишони сиҳатии ҷисм ва рӯҳи онҳо буданд.

    Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои гуногуни ноҳия, аз ин намоишгоҳи дилнишин дидан намуда, ба ҳар як иштирокчии он тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуд. Нигоҳҳои меҳрубонона ва суханҳои гарми онҳо ба кӯдакон илҳом бахшида, эҳсоси арзишманд буданро дар дили онҳо ҷой мекард.

    Роҳбалад Зӯҳро Валиева бо муҳаббат ва шавқ ҳар як намоиши омоданамудаи муассисаҳои томактабӣ, маркази инкишофи кӯдак ва маркази таҳсилоти иловаги ва мактаби санъати ноҳияро муаррифӣ намуда, нақши муҳиму муассири ин зинаи ҳаётан муҳимро дар камолоту ташаккули кӯдак таъкид намуд. Вай бо суханҳои самимӣ аҳамияти тарбияи дуруст ва фароҳам овардани муҳити мусоидро барои нашъунамои кӯдакон баён дошт.

    Дар як фазои пур аз меҳрубонӣ, кӯдакон бо шеъру гуфторҳои ширин ва нақши қаҳрамонони афсонавӣ, бо лафзи кӯдакона шукронаи даврони соҳибистиқлолии кишварро баён намуданд. Онҳо бо самимият арзи сипоси хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояту ноҳия расониданд, ки барои таъмини зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд.

    Сипас, Дилором Туруснзода аз номи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ҳамаи иштирокчиён ва кулли кӯдакони хушбахти ноҳияро бо ин рӯзи саиду фараҳафзо табрик намуда, суханҳои пур аз меҳр ва умед баён дошт. Таъкид дошт, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дар кишвар ба ҳифзи кӯдакон, тарбия ва фароҳам овардани шароитҳои хуби таҳсилу истироҳати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда, кӯдакон ба ғамхориву парасторӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аҳамияти бузурги ин масъала, аз ибтидои даврони соҳибистиқлолии кишвар Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалиро эътироф намуда, қонунгузории миллиро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 147 ҳазор нафар ноболиғон зиндагӣ доранд, ки аз онҳо шумораи муайяни кӯдакони имконияташон маҳдуд, ятим ва нимяттим низ ҳастанд ва ҳамаи онҳо таҳти парасторӣ ва ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар партави дастгириву ғамхориҳои рӯзафзун пайваста кӯшиш менамояд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро таъмин намуда, фарогирии онҳоро ба зиндагии шоиста, таълиму тадрис ва истироҳату фароғат муҳайё созад.

   Кӯдакону волидон, ки аз ин рӯзи пур аз шодӣ ва меҳрубонӣ ба ваҷд омада буданд, зери таронаҳои дилписанд хурсанди намуда, изҳори сипосмандии хешро ҷиҳати ғамхориҳои ҳамешагии давлату ҳукумат бо фараҳмандӣ баён доштанд. Ин рӯз дар хотири онҳо ҳамчун як рӯзи фаромушнашаванда боқӣ монд, ки дар он навои беғубори баҳор бо садои хандаҳои кӯдакон омезиш ёфта, ояндаи дурахшони Ватанро мужда медод.

Хабарнигори "Парвозгоҳи бузургон"

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.