Вазифаи асосӣ: Баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, бодиққат хонда баромадам. Чун корманди соҳаи маориф аз он ифтихор дорам, ки рушди минбаъдаи соҳаҳои илму маориф мисли солҳои пеш меҳвари Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллатро ташкил менамояд. Дар Паёми навбатӣ таъкид гардидааст, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти роҳбарони зинаҳои гуногуни соҳаи маориф, омӯзгорон, падару модар ва аҳли ҷомеаро боз ҳам баланд бардоштан зарур мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур мешуморанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон минбаъд ҳамасола дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" боз як озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Илм - фурӯғи маърифат" гузаронида, ғолибони ин озмунҳо аз ҷумлаи хонандагони макотиби миёнаи умумӣ аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасманд-гардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падарону модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Боварии комил дорам, ки мақсаду мароми асосии Пешвои муаззами миллат аз ин иқдомҳои нек минбаъд боз ҳам баланд бардоштани сат-ҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фар-ҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳон-бинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Баъди ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори мамлакат дар мактабамон аз ҷумлаи омӯзгорони таҷрибанок гуруҳи алоҳидаи тарғиботию ташвиқотӣ таъсис додем, ки аъзои он барои байни ҷомеаи педагогӣ ва хонандагони синф-ҳои болоӣ шарҳу эзоҳ додани мазмуну муҳтаво ва мақсадҳои асосии ин барномаи тақдирсоз вохӯрию мулоқотҳо доир карда истодаанд.

Маҳбуба АЛИЕВА,

директори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №13

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.