Доғи сиёҳ дар таърихи миллат Хотираи неки устод Осимӣ дар қалбҳои мо боқист
Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд.
Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд.