Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисию табобатии «Тибби Сино»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст — Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардидааст.
Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир боз 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.