МАХЗАНИ ТИЛЛОӢ ВА РАВШАНГАРОНИ РОҲИ ФАРДОИ ҶОМЕА Муборакбодии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ба муносибати Рўзи омӯзгор
Устодону омӯзгорони арҷманд!
Боиси саодату комгориҳост, ки дар остонаи таҷлили ҷашни хуҷаставу ҳумоюнии 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор ҳамҷавор бо ин рӯйдоди фархундаву мубораки миллат фаро мерасад. Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишвари мо Рӯзи омӯзгор, ҳамчун арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаву шоистаи пешаи ифтихории омӯзгорӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.






Дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ, 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода бо масъулини ситод оид ба бартарафсозии ҳисороти муноқишаҳои наздисарҳадӣ дар деҳоти Овчиқалъача мулоқот намуда, ҷиҳати ҳарчӣ тезтар ба анҷом расонидани корҳои омодасозии ҳавлиҳои истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар низоъҳои санаи 16 сентябри соли ҷорӣ зарар дидаанд, барои бунёду барқаросозӣ дастуру супоришҳои иловагӣ баён намуд.
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) баргузор гардид.



