ПЕШГИРӢ, ЭЪТИНО ВА РАФЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Омӯзиш

      Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ - Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 январи соли 2024 тасдиқ шудааст, чанде қабл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқи мукаммали мудофиаи гаржданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои ноҳия ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда» баргузор гардид.

Чорабинии омӯзишӣ якҷо бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

Дар доираи машқ дар шаҳраки Сайҳуни ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов тоза кардани селроҳа ва барқарор намудани садди роҳи муҳофизатӣ дар ҳаҷми зиёда аз 4000м3 гузаронида шуд. Инчунин амали қувва ва воситаҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ дар самти ҳифзи аҳолӣ аз ҳолати фавқулодда дар маҳаллаи “Ваҳдат”- и ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо иштироки сершумори сокинони маҳал доир карда шуд

 Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.