Хоҷагии ғолиб

Дар бистрӯзаи аввали ғунучини "Ҳосил-2022" пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамъоварии "Тиллои сафед" пешсафӣ нишон дода, ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ дар вилоят гардиданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми пахтакорон, чинакчиён ва меҳнати зарбдоронаи ҳашарчиёни майдони пахтазор ҳарф зада, дар вазъияти тантанавӣ виппели сайёри Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода супорид.

 

-Имрӯз низ мову шуморо ба ин майдон, ки борҳо шоҳиди тантанаҳои меҳнатии мардуми вилоят гаштааст, қадршиносӣ намудани пешқадамони мусобиқаи меҳнатӣ дар маъракаи ғунучини пахта ба ҳам овард. Бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид ва он нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамо-атҳои пахтакор хеле пурҷӯшу хурӯш буд, - гуфт, - Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар ҷамъбасти “20-рӯзаи якум”-и маъракаи ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” байни хоҷагиҳои пахтакори вилоят ҶС ба номи А.Ҷумъаеви ноҳияи ба номи Б.Ғафуров низ беҳтарин дониста шуд ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба раиси хоҷагӣ Ҳомидҷон Усмонӣ тӯҳфаи хотиравӣ ва мукофоти пулиро дар вазъияти тантанавӣ супорид. Зимни сӯҳбат бо раиси хоҷагӣ маълум гардид, ки соли равон дар 27 бригадаи пахтакорӣ ба масоҳати 1725 гектар пахта кишта аҳд кардаанд, ки 5 ҳаз. 250 тонна “тиллои сафед” мерӯёнанд. Рӯзи ҷамъбаст ба хирмани ноҳия 2950 тонна пахтаи ноҳия ҳамроҳ карда шуд, ки 60 фисади дурнаморо ташкил медиҳад.

-Аммо, ҳосил дар саҳроҳоямон басо фаровон аст,-гуфт дар идомаи сӯҳбат Ҳомидҷон Усмонӣ,-ҳанӯз дар масоҳати 150 гектар чиниши якум гузаронида нашудааст. Тавре Раиси вилоятамон мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии худ изҳор доштанд, “дар хоҷагиҳои вилоят аз ҷумла азони мо бо вуҷуди ҳаво сахти гарм омадан, ҳосили хуб расонидем”.  Ният дорем, дар ҷамъбасти “20-рӯзаи дуюм” нақшаи истеҳсоли “тиллои сафед”-ро ба иҷро расонем. Ӯҳдадор мешавем, ки бариловаи нақша то охири мавсим боз 250 тоннаи дигар ба хирмани “тиллои сафед”-и ноҳия месупорем. Омили асосии расидани ҳосили фаровонро роҳбарияти хоҷагӣ дар сарҷамъии аъзои хоҷагӣ, ҳамдигарофаҳмӣ ва саривақт ба иҷро расонидани талаботҳои агротехнологии парвариши пахта медонанд. Ҳамзамон дар бригадаҳо аъзоён дар мавсими кишту парвариш ва обу ғиззодиҳӣ софдилона меҳнат карданд.

-Бободеҳқонҳоямон обро хуни пахта мегӯянд,- гуфт дар идома раиси хоҷагӣ Ҳомидҷон Усмонӣ,- мо ташаккур мегӯем ба идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, ки талаботи замиҳои моро бо об саривақт таъмин карданд. Дар хоҷагӣ имрӯзҳо ғунучини ҳосил вусъати тоза гирифтааст. Раёсати хоҷагӣ тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори ғолибият дар “20-рӯзаи аввал” беҳтарин мутахассисону чинакчиёни чобукдастро қадршиносӣ намояд.

М.Мақсудов

Суратгир И.Рабиев        

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.