ШУКРОНАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 сол муқаддам бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот ба имзо расида буд, ҳамчун санади сарнавиштсозу саодатбахши миллӣ мақоми хосса пайдо намудааст.