ИДОМАИ МУЛОҚОТУ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти навбатии роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва қудратии ноҳия бо сокинону фаъолони деҳоти Овчиқалъача ташкилу баргузор карда шуд.
Муовини раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ ва намояндаи шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Комил дар мавзӯи «Ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир» оид ба масъалаҳои пешгирии ҳамаи намуди ҷинояткориҳо, динситезӣ ва хурофот, оқибатҳои харобиовари гирифторӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ бо мисолҳои воқеӣ суханронӣ намуданд.







Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти навбатии сардори шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷӯразода Самандар доир ба мавзӯи «Ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир» бо фаъолони деҳоти Хистеварз ташкилу баргузор карда шуд
Дар асоси қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 06.09.2024, №458 санаи 18 сентябри соли равон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати шашум ташкилу баргузор карда шуд. Кори иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло сарварӣ намуда, иштирокдоронро бо рӯзномаи Маҷлис шинос намуд.



