Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон оид ба масъалаҳои таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, натиҷагирӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ дар назди роҳбарону фаъолони вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд.





Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон токпарвариро яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ, ки таъминкунандаи озуқаворӣ ва ашёи хом барои коркард маҳсуб меёбад, арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки барои боз ҳам рушд додани ин соҳаи муҳим тамоми чораҳо роҳандозӣ шавад.
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва ба 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим карданд.





