Ғолибон қадрдонӣ гардиданд
Ба муносибати таҷлили 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни ноҳиявии «Хонаи беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Барои ташаббусҳои шаҳрвандӣ» баргузор гардид. Тибқи натиҷаи комиссияи ноҳиявӣ хонаи Асатулло Ҳабибуллоев, - сокини ҷамоати деҳоти Зарзамин, кӯчаи ба номи Эркаш Юсупов№44, дар номгӯи «Хонаи беҳтарин» ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Кӯчаи ба номи Абдуғаффор Ҳасанови ҷамоати деҳоти Хистеварз барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни ноҳиявии «Кӯчаи беҳтарин» бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ, деҳаи «Мусаффо» - и ҷамоати деҳоти Унҷӣ дар номгӯи «Деҳаи беҳтарин» ба маблағи 5000 сомонӣ ва шаҳраки Ғафуров дар номгӯи «Барои ташаббусҳои шаҳрвандӣ» ба маблағи 2000 сомонӣ ғолиб дониста шуда, бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибон дар рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, қадрдонӣ гардиданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров






Паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд аз ҷониби сардори раёсати тандурустии вилоят Хайруллозода Ҳабибулло ба самъи ҳозирин расонида шуд. Баъди маросими супоридани Ифтихорномаҳо ва қадршиносии ғолибони озмунҳои ноҳиявӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди аҳли толор гардид.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, №417 бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии медали Хизмати шоиста Иброҳимзода Султон Иброҳим – директори хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Лакимзода Абдумуъмин – сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҳакимзода Ҳомидҷон Қенҷа - сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо мукофоти давлатии медали Шафқат Ҷӯразода Муродҷон Абдуалӣ – сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.



