Бобоҷон Ғафуров: КОНФЕРЕНСИЯИ ХХХIII КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ
Дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов Конференсияи ХХХIII ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки вакилон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.
Дар Конференсия, ҳамчунин, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода, муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фаррух Орифӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода иштирок доштанд.