Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо ҳамаи мову Шумо дар остонаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон – 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории милли худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, то ки ормонҳои деринаи халқамон амалӣ гардида, зиндагонии озодонаи мардум таъмин гардад.

Дар ин рӯзҳои идона тамоми мардуми ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров ва кулли ҳамватанонамонро ба ифтихори ин санаи таърихиву тақдирсоз табрику таҳният гуфта, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонадони обод орзу менамоям.

 

 

Мардуми хушиқболи кишвар, ки аз ҳавои истиқлолияти комил нафаси озод мекашанд, ободию шукуфоии Ватан ва беҳбудии рӯзгори хешро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, шукри айёми осоиштаву обод мекунанд.

Ғамхориҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода идомаи пайгиронаи сиёсати Сарвари давлат мебошад, ки он дар ободкорию созандагии қаламрави вилоятамон таҷассуми воқеии худро ёфтааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо меҳнаткашони сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри истиқболи ин ҷашни пуршукӯҳи сол бо рӯҳу илҳоми тоза дучанд меҳнат намуда истодаанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Ба шарофати истиқлолият вазъи сиёсии кишвар устувор гардида, имрӯзҳо мову шумо барои рушди босуботи ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта истодаем. Марҳилаи бунёдкориву созандагӣ босуръат ҷараён дорад. Ҳамаи мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки чор ҳадафи стратегии мамлакат давра ба давра дар амал татбиқ шуда, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои созандагиву бунёдкорӣ дар якчанд рӯзи арафаи ҷашн даҳҳо иншоотҳои замонавию корхонаҳои таъиноти гуногун ба кор оғоз карданд ва ин сиёсат то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода мешавад. Иншооту корхонаи нав – ин ҷойҳои нави корӣ, даромад ба хазинаи давлат, дар маҷмӯъ боз як қадам ба пеш рафтани иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зинадагии мардум мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди ноҳияамон ва кулли ҳамватанонамонро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо хушбахтӣ, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Раиси ноҳия                                Зариф Назирӣ

 


ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз31
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта453
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1418
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2650
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7544
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта12945
mod_vvisit_counterҲамагӣ153501